БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР ДӮСТӢ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба Иди шарифи Рамазон, дар оромгоҳи деҳаи Шаҳдрези ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.

Дар аксияи мазкур кормандони масъули Кумита, аъзову тарафдорони ҲХДТ ва сокинони деҳаи Шаҳдрез фаъолона иштирок карда, дохил ва атрофи оромгоҳро аз ҳар гуна алафҳои хушкшуда ва худрӯй тоза карданд. Тоза кардани оромгоҳҳо ва дуо гуфтан дар ҳаққи гузаштагон дар арафаи Иди мубораки Рамазон кори савоб буда, барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg