ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ байни хоҷагидорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил ба сокинон тавсияҳо дода мешавад.
Имсол нашъунамои дарахтон хуб буда, боғпарварон дар байни қаторҳои дарахтони анор ва шафтолу, инчунин зироатҳои лӯбиёгӣ, нахуд ва зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд, ки аз як замин ду ва се ҳосил ба даст меоранд.