БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳвари барномаи ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад

КӮЛОБ. Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор гардонидани фаъолияти иттиҳодияҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини рушди устувори иқтисодиёд ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ мансуб меёбад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибкорбонк” вобаста ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибкорбонк” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот қайд шуд, ки барои беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, гирифтани пеши роҳи падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон ва ҷалби онҳо ба вазифаҳои масъули давлатӣ аз тарафи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Аз ин ҷост, ки яке самтҳои асосии Барномавии ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад.

Дар идомаи суҳбат таъкид шуд, ки ҷавононро мебояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо фаъолу ташаббускор бошанд, ба Ватану миллати хеш ҳамеша ифтихор намоянд, ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва ба халқу давлат содиқонаву софдилона хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg