БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПУРЗӮР НАМУДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БА ТАҚВИЯТБАХШИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

А.ҶОМӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №5-и ноҳия, бо иштироки аъзо ва ҷонибдории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “М.Турсунзода” – и ҷамоати деҳоти  Яккатут  бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аъзои кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакили ҳизбӣ, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Саидҷон Муминов,  ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳое,ки аз вохӯрии   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Обшорони ҷамоати Заргар бармеояд, асосан  оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқот доир гардид.

Ҳамчунон намояндагони ҳизбӣ зимни суханрониашон қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg