ДАНҒАРА. Дар назди муҷассамаи Қаҳрамони иттифоқи советӣ Исмат Шариф ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 76 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гардид.
Дар ин ҷамъомад муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва роҳбарону намояндагони тамоми ташкилоту муассисаҳои қаламрави ноҳия ширкат варзиданд. Нахуст маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Қаҳрамони иттифоқи советӣ Исмат Шариф доир шуда муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, ба поси хотири шаҳидон гулчанбарҳо гузоштанд.
Сипас Файзиддинзода Бунафша аҳли ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Зафар самимона таҳният гуфта, аз қаҳрамониҳои мардони шуҷоъи ноҳия ёдрас шуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия намоиши идона пешкаши тамошобинон гардонида шуд.