ДАНҒАРА. Бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара озмуни «Мо бо шумоем»-ро доир намуд.
Ҳайати ҳакамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад, муовини раиси Кумитаи иҷроия Воҳид Дилафрӯз, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мизробова Ш, роҳбарони муассисаҳои таълимии №23, №45, №24, иштирок ва доварӣ намуданд.
Дар озмун аслан маъюбони аз синни 10 то 18-сола аз рӯи 2 номинатсия иштирок намуда, ба маҳорати қироати шеър хондани суруд машғул шуданд. Ҳайати ҳакамон шеъру суруди ба озмун пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, ба ҳар яки онҳо баҳои воқеӣ доданд.