ДАНҒАРА. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” ба муносибати 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди Пайкараи Қаҳрамони иттифоқи советӣ Исмат Шариф шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “ Поси хотир” доир намуданд.
Дар ин шанбегӣ иштирокдорон ба тоза намудани гирду атрофи пайкара диққати ҷиддӣ дода, барои нарм намудани бехи гулу дарахтон корҳои назаррасеро анҷом доданд.