ҚУБОДИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади амалӣ намудани иҷрои бандҳои нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ дар бораи тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, таҳкими низоми ҳаракати ҳизб, барои пешбурди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳангоми ташкили корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби шаҳрвандон ва ҷонибдорон барои аъзогӣ ба ҳизб ибрози ақида карданд.