БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ – ҒАЛАБАИ ИНСОНИЯТ БА ЗУЛМУ БЕРАҲМӢ БУД

АНДЕША. Ҷанги Бузурги  Ватанӣ  дар  соли  1941-1945 ҷанги  одилонаю  озодихоҳонаи мардуми СССР  барои озодӣ ва ҳимояи Ватан аллайҳи фашизми хунхор буд. 21-июни соли 1941 Қувваҳои мусаллаҳи Германия бе эълони пешакии ҷанг, аҳдшиканона бо мулки ИҶШС ҳуҷум кард. Роҳбарияти олии сиёсии Германия нақшаи ҳуҷумро ба ИҶШС, бо номи рамзии «Барбаросса» тасдиқ намуданд, ки  мақсади ин нақша дар муддати кӯтоҳ нест намудани Ҳокимияти Советӣ буд.

Он  сол дар бархе аз мамлакатҳои олам ҷанг бар зидди фашизм идома дошт. Мо мардуми Шӯравӣ ба мақсади худ расидем, Ватан аз фашистони хунхори  гитлерӣ озод шуду нақшаи фашистон бо номи «Барбаросса» барабас рафт ва билохира миёни СССР ва Германия сулҳи бебозгашт (капитуляция) ба имзо расид.

Сабаби асосии пирӯзию Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дӯстиву рафоқат, бародарии халқҳои мухталифу гуногунзабон, вале якдилу якҷони мардуми  советӣ буд. Мардум ҷон дар каф ҳар ваҷаб хоки мақаддаси Ватан ва марзу буми меҳани хештанро мардонавор ҳимоя карданд. Нерӯи тавонои мардуми ватандӯст рӯҳи «шикастнопазир»-и душманро шикаст доду 8-уми майи  соли 1945 дар Рейхстаги шаҳри Берлин, Германия ба акт таслимавӣ имзо гузошту 9-май дар тамоми дунё Рӯзи Ғалаба бар фашизм  эълон  шуд.

Дар қатори диловарони русу украин, белорусу қазоқ ва дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони фарзонаи тоҷику тоҷикистонӣ низ буданд. Аз РСС  Тоҷикистон 280 ҳазор нафар шуҷоатмандон ба майдони ҳарбу зарб ва мубориза алайҳи душмани  ғаддор рафтанд. Бисёри онҳо барои шуҷоат, диловарию ҷасурӣ ва ҷангҳои рустамонаи хеш дар назди Ватан бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз онҳо зиёда аз 53 нафар ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони СССР», 15 нафар бо ордени «Шараф» ва 50 000 нафари дигар бо ордену медалҳои  гуногун мукофотонида шудаанд.

Дар он замон аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтару ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён)  6 375 нафар мардони шуҷоъ ба майдони  набард  сафарбар мешаванд. Аз ин миқдор фарзонафарзандон  662 кас қаҳрамонона дар майдон шаҳид гашта, 536 нафари дигар беному нишон шуда, қисми дигар баъди  ҷанг ба канори зану фарзанд ва модару Ватан бар мегарданд. Қаҳрамониҳои Ҳ. Кенҷаев,  Д. Азизов,  И. Ҳамзаалиев,  М. Мирзоалиев, С.Амиршоев, О. Муҳаммадҷонова, С.Ниёзова ва даҳҳо дигарон дар саҳифаҳои сабзи таърихи Ватан абадӣ ба ҳарфҳои заррин  сабт  гаштааст, ки ин  боиси ифтихор ва  сарфарозии  мост. Оре:

Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат  мекунад.

Дар байни Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯровӣ се нафар бохтариҳо низ ҳастанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо сокинони шаҳри Бохтар аст. Ҷанговари  Бохтар Ҳайдар Қосимов, Викентий Никанорович Тошенко ва Алексей Фёдорович Дмитриев барои ҷасурию ҷонбозиҳояшон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо унвони олии «Қаҳрамони СССР»  қадрдонӣ  шудаанд. Хостем доир ба онҳо каме  ҳам бошад  маълумот  диҳем.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg