БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ЭҲТИРОМИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ ВА ШАҲИДОНРО БА ҶО МЕОРЕМ

ВОСЕЪ. Бахшида ба 76-умин солагарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва собиқадорони башардӯст дар Коллеҷи хусусии тиббии ноҳияи Восеъ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Мирзоев Шариф собиқадори ҷанги башардӯст ва Азизов Иброҳим раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ иштирок намуда, бо хонандагони муассисаи мазкур суҳбату мулоқотҳо намуданд.

Ҳамзамон, Мирзоев Шариф иброз намуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Бинобар ин насли имрӯзаро зарур аст, ки дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан,  дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд оранд. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос доранд. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо оранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg