ВОСЕЪ. Бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ се нафар ҷанговарони башардӯст кумаки яквақтаинаи пулӣ расонида шуд.
Дар зимн таъкид гардид, ки собиқадорони ҷангу меҳнат доимо таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо имтиёзҳои махсус дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам дар чорабиниҳои ҳизбӣ иштироки фаъолона дошта, дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб мегузоранд.