БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБАҚАИ ЭҲТИЁҶМАНД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАД!

ВАХШ. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманд ва бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ва 76-солагии Ғалабаи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади хайру сахо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нафар сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати деҳаи Шаҳриёр, Зарипов Худойдод кумаки яквақта, аз қабили маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Одилҷон Маҳмадов зимни расонидани кумак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg