ВАХШ. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои макомоти болоии ҳизбӣ, бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76- солагии Ғалаба бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маърифатчиён» ба собиқадорони ҷангу меҳнат кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур бо собиқадорону фаъолон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Одилҷон Маҳмадов, инчунин раис ва ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маърифатчиён» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин дар назди иштирокчиён суханронӣ намуда, қайд карданд, ки 76-сол дар назди таърих наонқадар муддати тӯлонӣ аст, аммо ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд.