БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

76-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

ВАХШ. Дар боғи фарҳангии ноҳияи Вахш ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии идона доир гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ дар вазъияти тантанавӣ аз намоиши идонаи пешкашнамудаи бахши Маорифи ноҳия ва хонандагон дидан намуда, сипас ба пояи ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд. Баъди поси хотир ва арҷ гузоштан ба эҳтироми родмардони шаҳидони Ватан раиси ноҳия ба макони чорабинӣ ворид шуда, бо сухани табрикотӣ ҳамаи сокинони ноҳия ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 9-май Иди Ғалаба табрик намуда, бахту саодат ва зиндагии хубу осоиштаро барояшон таманно намуданд.

Дар рафти чорабинӣ, инчунин ба собиқадорони ҶБВ интернатсионалистон кумакҳои молиявӣ расонида шуд. Бахши Маориф ва фарҳангӣ ноҳия бо намоиш ва барномаҳои консертиашон хотири иштирокдоронро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg