БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ҲАР АСКАРАШ – КОВАИ ОҲАНГАР АСТ»

ВОКУНИШ. Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон воқеае ба амал омада, ки ҳар як фарди ватандору ватандӯстро бетараф гузошта натавонист. Дар чунин вазъият ҳар як инсони бонангу номуси миллат, ки эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва ғурури миллиро доро мебошанд, дар канори роҳбарияти давлат ва ҳукумат истодагарӣ намуданд.

Барои ҳифзи марзу буми сарзамини биҳищтосоямон пиру ҷавон аз Бадахшон то Зарафшон ва аз Хуҷанду Суғду Хатлон роҳсипор шуданд, то хоки аҷдодиамонро аз вартаи нокомӣ раҳо намоянд. Дар ин муҳорибаҳо чандин ҷавонони мо ба ҳалокат расиданд, аммо дар паҳлуи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодагарӣ намуданд.

Ғурури миллӣ то андозае боло рафт, ки Д. Атовулло бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ аз Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти он тарафдорӣ намуд. Мақолаи омоданамудаи Д. Атовулло ҷавонони боори кишвари моро водор месозад, ки баҳри дифои Ватани азизи хеш омода бошанд. Дар ҳама мавридҳо ҳақиқатпараст ва ростқавл бошанд.  Суханони ӯ дар бораи Сарвари давлат, вазирон, қумондонҳо ва аскарон бори дигар собит месозад, ки мардуми соҳибхирад, нексиришт ва нотарси миллат тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид ҳастанд.

М. Кабирӣ, Ш. Гадоев, М. Садридин ва дигар ҳаммаслаконашон аз ин вазъият истифода намуда, мардумро бар зидди ҳамдигар иғво андохта истодаанд. Ин хоинони миллат дар баъзе мавридҳо худро пуштибони давлату миллат мешуморанд, имрӯзҳо бошад тарафдорӣ аз мардуми қирғиз намуда истодаанд. Ин ҳаромзодаҳо гурӯҳи манфтиатҷӯ мебошанд, ки аз куҷое як устухон партоянд мисли саг ба ҳамон тараф медаванд.

Мо бо суханони Д. Атовулло ҳастем, чунки дар  ҳақиқат «Эмомалӣ Раҳмон сарлашкари сафшикани Тоҷикистон аст. Ҳар вазираш Анушервони Одил, ҳар қумандонаш Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳар аскараш Коваи оҳангар, ҳар размандааш Восеъ» мебошад.

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg