ВОКУНИШ. Воқеаҳои хунини ахиран дар марз рух дода, ки бар асари ҳамлаи мусалаҳонаи низомиёни қирғиз даҳҳо нафар ҳамватани ғайринизомиву осоиштаи мо ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд, қалби ҳар як фарди бономуси ватанхоҳу миллатхоҳро ларзонда пайкарашро такон дод. Аз тамоми гӯшаву диёри Тоҷикистони маҳбуб шермардони шуҷоъ гирдиҳам омада, гӯш ба итоати фармони Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусалаҳи кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода, омодагии худро аз ҳимояи Ватан иброз доштанд. Ҳатто сарсахттарин опозицеонери якраву оштинопазир Додоҷони Атавулло дар лаҳзаҳои ба сари кишвар омадани хатар, ҳамагуна амбицияҳои шахсиву сиёсиашро аз сар дур карда, ҳамчун як ватанхоҳи саршиносу асил худро муаррифӣ намуд. Ҳатто навиштаҳои даъватии Додоҷони Атавулло, «Эмомалӣ Раҳмон сарлашкари сафшикани Тоҷикистон аст. Ҳар вазираш Анушервони Одил, ҳар қумандонаш Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳар аскараш Коваи оҳангар, ҳар размандааш Восеъ» таконбахшу шоирона, ҳакимонаву далерона ва содиқонаву ҷавонмардона садо дода, ҳазорон ҷавонмарди дигарро муттаҳид сохт. Бешак суханони Д. Атавулло метавонад ҳамчун шиори доимии ҷавонмардони бо номуси кишвар бошад.
Вале, мутаасифона афради палиду фурӯхташуда хоинони миллат амсоли М.Кабирӣ,. Ш. Гадо ва М. Садриддин дар лаҳзахои бисёр ҳам ҳассос барои миллату кишвар мардумро ба нифоқу низоъи байни ҳамдигар таҳрик медоданду фитнакориву тафриқаандозӣ намуда, мардумро барои саркашӣ намудан аз итоати роҳбарияти кишвар даъват намуда, бешармонаву ҳарисона ошкоро аз мавқеи ҳукумати қирғизҳо пуштибониву ҷонибдорӣ намуданд. Рафтори палидонаи онҳо бори дигар собит намуд, ки наҳзатиҳои хоин чун одати ҳамешагиашон бар ивази маблағу манфиат омода ҳастанд, ки шарафу номуси миллиашонро низ фурӯшанд.
Маҳмадов Одилҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш