БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ НИҲОЯТ БУЗУРГ АСТ

ВОКУНИШ. Ҳар сол 9-уми майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм на дар Тоҷикистон, балки дар 15 давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Имсол бошад 76-солагии Ғалабаро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронидааст. Бинобарин ин рӯз як пораи воқеии сарнавишт як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамони корнамоиҳои падарону бародарони миллати тоҷикро дар арсаи мудҳиштарини ҷанги дуюми ҷаҳон таҷассум менамояд. Башарият дар масири таърих ингуна ҷанги хонумонсӯзро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузаронидааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи миқёсу андоза низ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихӣ олам буда, дар ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар набардҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ногуфта намонад, ки аввалин задухурди ҷангии тоҷикистониён дар қалъаи Брест ба вуқуъ омадааст, ки афсарону сарбозони мо бисёр як маҳорати хуби ҷангӣ нишон додаанд. Дар чунин вазъияти душвор моҳи ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи куҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник Ставенков А. ба уҳда дошт. Афсаруну сарбозони тоҷик то охири муҳориба дар Москва  иштирок ва қаҳрамониҳо нишон дода, зиёда аз 150 нафарашон ба ордену меделҳо мушарраф гардидаанд. Аз ин муҳориба моҳи ноябри соли 1941 ҳуҷуми марговари аскарони Шӯравӣ оғоз ёфта, танҳо бо дасти сарбозони миллати тоҷик дар ин муҳориба 40 танк, 46, туп, 3500 нафар аскарон, 8 ҳавопаймо, 300 автомошинаи душман ва 40 пулемёт несту нобуд гардидаанд. Аз ҳамин хотир барои маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода,  беш аз 527 нафар   афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд.

Дар ин ҷанг мубориза баҳри озодии шаҳрҳои Украина, Латвия, Берлин, Полша ва дигар шаҳрҳо бошад, ҷангиёни тоҷик, аз он ҷумла Шарипов. И, Н. Балакин, Ч. Урозов ва дигарон маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода, ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ  сазовор гардидаанд.  Ҳамин тарик Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз талафоти зиёд дод. Беш аз 250 хазор нафар афсарону сарбозон барои дифои Ватан-Модар ва шарафу номуси мардуми худ дар ин ҷанг мубориза корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор сарбозон ҷони худро аз даст додаанд, беш аз 50 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳои Иттифоқи Шӯравӣ, 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 15 нафари дигар бошад, соҳиби ордени «Шараф» гардидаанд. Аз ин хотир мо насли имрӯзаро зарур аст, ки хотираи неки чунин шахсиятҳои сарсупурдаи Ватанро аз хотир набарорем ва пос дорем.  

Асақолов Алиҷон, муовини раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg