Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бобати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, масъулини ҳизбӣ дар маркази шаҳрак бо беш аз 5 оилаҳо бо усули «хона ба хона» вохӯриҳои фосилавӣ анҷом доданд.
Зимни баргузории вохӯриҳо бо сокинон дар бораи оқибатҳои буҳроноварандаи баъди вабоӣ ва таъсири манфии он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ховагии халқи мамлакат суҳбат намуда, онҳоро ҷиҳати самаранок истифода намудани замин ва захираи маводҳои озуқаворӣ барои ду соли ояндаро таъкид сохтанд.
Дар рафти баргузории вохӯриҳо маълум гардид, ки сокинон аллакай аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон огаҳӣ доранду баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида талош меварзанд.