БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРИВУ КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ

Ш. ШОҲИН.  Бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  озмуни иншои озод дар мавзуъи «Арчгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат» бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор карда шуд.

Масъулини ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани озмуни мазкур ҳайати ҳакамонро аз ҳисоби омўзгорони муассисаи болозикр  дар ҳайати 3 нафар таъсис доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмун беш аз 25 нафар хонадагон иштирок варзиданд. Дар натиҷаи хулосабарории ҳайати ҳакамон хонандагони фаъол, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар бояд гашт, ки Тоиршоҳи Қадамшо хонандаи синфи 11, Саломатов Савринисо хонандаи синфи 10 ва Муаттараи Мирзошоҳ  хонандаи синфи 11-уми муассисаи мазкур сазовори ҷойҳои намоён гардида, соҳиби сипоснома ва туҳфаҳо гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg