БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи ҲХДТ- эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Осмондараи  ҷамоати  деҳоти  Лолазори  ноҳияи  Данғара бо иштироки  мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи  иҷроия Суфиев  Шодмон  ва  мутахассиси  бахши  ҷавонон  ва  занони  Кумитаи  иҷроия Идиев  Ҳоким  бо сокинон ҷиҳати ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо роҳбарон ва кишоварзонӣ вилояти Хатлон,  ки рӯзи 02 июни соли 2018 дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни  суханронӣ Суфиев Шодмон муҳимияти масъалаҳои дар вохӯрӣ зикргардида, аз ҷумла камбориш омадани фасли зимистон ва баҳори имсола, инчунин эҳтимолияти бармаҳалу хунуктар ва тӯлонӣ омадани зимистони навбатӣ ва дар ҳамин замина омодагии пурра дидан ба чунин вазъият, ки яке аз нуктаҳои асосии суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон маҳсуб меёфт, ба иштирокдорон фаҳмонида  шуд.

Дар охир суханрониҳои судманди Шодмон Суфиевро  ҷамъомадагон якдилона ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар дастуру супориш ва таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg