БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ПЕШИ РОҲИ ИСРОФКОРИРО ГИРИФТ

ШАҲРИТУС. Дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатиби ноҳия, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва раисони маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  мулоқот доир гардид.

Дар суҳбат масъулин дар бораи  истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар сатҳи хуб баргузор ва гузаронидани рӯзи иди Рамазон бо риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ниқоб андешаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овардан, ки дар рӯзи иди Рамазон аз сарфу харҷӣ беҳуда даст кашида, ба аёдати беморон ва дуои неки гузаштагон ташриф биёранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg