БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР...

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Рӯзи  ҷавонони Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  вохӯрии  ҷавонони  синни 15 то 23 сола бо  раиси Шӯрои  собиқадорони  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  таҳти  унвони "Бирав  зи  таҷрибаи  рӯзгор баҳра  бигир»  баргузор  гардид.

Раиси Шӯрои  собиқадорон  ҲХДТ  Муродов  Раҳмон  ба  ҷавонону  наврасон  муроҷиат  намуда,  қайд  кард, ки  ҷавонон давомдиҳандагони  кору  фаъолияти насли  калонсол, нерӯи  тавоно ва  иқтидори воқеии пешрафти  ҷомеа, хулоса  ояндаи  давлат мебошанд. Насли  ҷавони  кишвари  мо  бояд исбот намоянд, ки  роҳи  интихобкардаи  мо бо дарки  масъулияти баланд,  иродаи  мустаҳкам, садоқату  муҳаббати  ватандорӣ, эътиқод ба  арзишу  муқаддасоти миллӣ ва  ақлу заковати  худ дар  масири  давлатсозиву  ватандорӣ дуруст  мебошад.

Дар  байни  иштирокдорон   саволу  ҷавоб  доир гардида,  ба  ҷавонон  таблиғ  карда, шуд ки  ба  тарзи  ҳаёти солим  диқкати  авалиндараҷа  дода, ба   қоидаҳои  беҳдоштӣ  риоя  намоянд, ба  тозагии  ҷомеа  диққат  диҳанд, гигиенаи  шахсиро  риоя  намоянд, илмро  аз худ намуда   ва  сатҳи доиши худро баланд  бардоранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg