БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор дар ташкилоти ибтидоии «Кумакрасон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор оид ба самти фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ–Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷоннок намудани кору фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пурзӯр намудани кору фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, инчунин дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Баъд аз баргузории вохӯрӣ мавсуф  бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Кумакрасон» шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъули ҳизбӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg