ХОВАЛИНГ. Чунин буд мавзӯи суҳбате, ки бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исфандиёр Саидмаҳмудов бо хонандагон дар омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №13 (гузаронида шуд.
Дар баромад дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон, имтиёзҳои ба онҳо додашуда, саҳми ҷавонон дар ҳифзу нигаҳдории марзу буми Ватан, арзишҳои милливу давлатӣ, нақши ҷавонон дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафт.
Дар суханронии мудири шуъба корномаи шаҳиди роҳи Ватан Салоҳиддин Гадоев, ки дар даргириҳои рӯзи 29 апрели соли 2021 баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ҷони худро нисор намуд, намунаи олии ҷавонмардӣ дар ҳифзи Ватан ва марзу буми он арзёбӣ карда шуд.