ТЕМУРМАЛИК. Дар арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941–1945) бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳамадсаид ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тақдими гулҳо” гузаронида шуда, ба 45 нафар сокинон гулҳои тару тоза тақдим карда шуд. Баргузории чорабинии ҳизбӣ ба хотири қадршиносии фарзандони содиқи Ватан дар роҳи муҳориба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, хизмати шоёни онҳо ҳамеша қадр карда мешавад.