ТЕМУРМАЛИК. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ва иди Рамазон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳамадсаид, раиси Шӯрои собиқадорони Ҷангу меҳнати ноҳия Ғанӣ Сафаров ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Айниддин Аслиддин ба аёдати 3 нафар оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда, кумаки яквақӣаинаи молияҷӣ ва маводи хӯрокаро расониданд.