БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК РӮЗИ БАҲОР, ПУР КУНАД АНБОР!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ободу зебогардонии маҳал ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30 - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Баҳманруд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ  дар бораи истифодаи оқилонаи  нерӯи барқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда,   қайд намуданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg