БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲТАРОНИ ҶАНГ ҲАМЕША ДАР МАДДИ НАЗАР ҲАСТАНД

ПАНҶ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба ҷиҳати аёдати иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои судманде амалӣ гаштанд.         

Ин навбат кормандони ҳизбӣ бодар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи иҷтимоӣ» ба аёдати Одинаева Сафаргул  рафта, ба ин модари меҳрубон кумаки молиявӣ ва маводи хӯрока, расониданд. Зимни суҳбату мулоқот шахси аёдаткарда шукри истиқлолият, шукри Ваҳдати миллиро намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, барои устувории пояҳои истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо кушод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg