БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш ҷавононро бо ҳам меоварад

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Литсей интернати «Арал»-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳия байни муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи варзишии шашкаву шоҳмот барузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ толибилмони болаёқат аз тамоми муассисаҳои таълимии ҷамоати номбурда иштироки фаъолона дошта, байни ҳам қувваозмоӣ карда, маҳорати худро нишон доданд.

Мақсади асосӣ аз баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар замири наврасону ҷавонон ҷой додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва дарёфти ҷавонони боистеэъдод мебошад.

Баргузории чунин мусобиқаҳои шавқовари варзишӣ байни наврасону ҷавонони ҳудуди ноҳияи Восеъ идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg