НОРАК. Таҷлили Рўзи Ғалаба барои шахсони ватандӯст ва сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мегардад, ки он тантанаи адолату шуҷоат бар ҷаҳлу зулмат, пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳамасола мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол чун тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон Рӯзи Ғалабаро бо ифтихор аз арҷгузориву қадрдонӣ аз ҷоннисориҳои фарзандони худ таҷлил намуда, хотири неки сарбозону афсароне, ки дар майдонҳои набард қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд, гиромӣ медоранд.
Вобаста ба ин ҷашни бузург бо иштироки Зоирзода Савзалӣ Шукур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ Гулов Малах аёдат карда шуда, ба ин фарзанди содиқи Ватан як миқдор кумаки моддӣ расонида шуд.