БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати Фарҳанги вилоят» тибқи нақшаи корӣ  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва  Шукрона Нуруллозода ширкат варзиданд.

Нахуст,  Асадуллозода Ватан оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон суханронӣ намуда, қайд кард, ки либос як ҷузъи фарҳангӣ миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо ӯ шаклашро дигар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст.

Бонувон бояд бо ифтихори баланд либоси миллиро ба бар кунанд ва фарҳангу тамаддуни  хешро  ҳифз намоянд.  Мо, тоҷикон, мардуми бодавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, гузаштагони тавоно, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба ояндагон супорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg