ВОСЕЪ. Бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия иншои озод дар мавзӯи” Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” баргузор гардид.
Пеш аз оғози ҷорабинӣ Солиҳов Фаррух мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия иброз намуд, ки имрўзҳо тамоми ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил намуданд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ аз корнамоиҳои неки бесобиқаи таърихӣ ёд мекунанд. Зеро ҷонфидоиҳои онҳо дар майдонҳои корзору меҳнат барои мо ҷавонони имрӯза дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ ва ахлоқӣ буда, баҳри тарбияи насли худогоҳу ободкор дар руҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат хоҳад кард.
Ва мо ҷавонон ва насли имрӯзаро зарур аст, ки аз қаҳрамониҳои гузаштагони худ дарси ибрат омӯхта, баҳри ободии ин диёри биҳиштосоямон камари ҳиммат бубандем.
Дар охири озмуни иншои озод ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд.