БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ” ДАР ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ ба аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба 76-умин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ баргузор намуданд.

Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ сокинонро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда, табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи гитлерӣ 74 сол пур шуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд.

Дар ин рӯз аз тарафи аъзои фаъолинамояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон 365 адад варақаҳои тарғиботӣ дастраст карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg