БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН НА ТАНҲО ДИЛ, ТАНУ ҶОН ҲАМ ФИДОЯТ МЕКУНАМ...

ВОКУНИШ. Ворух-ин сарзамини аҷдодии халқи тоҷик аст. Сарзамине, ки гузаштагони мо аз азал то имрӯз зиндагонӣ доранд. Сарзамини мардуми тамаддунофару фарҳангдӯст аст. Ҳар як халқу миллат барои хоки Ватани азизи худ мубориза мебарад. Ватане, ки моро тарбия мекунад, ба воя мерасонад ва дар канори хеш модарвор ба оғуш мегирад.  Чаро  имрӯз мо баҳри дифои ӯ сар баланд накунем, овоз набарорем, барояш тану ҷонамонро фидо насозем?

Ба оинаи таърих назар афканем, барои ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки Ватан Восеъ, Шерак, Темурмалик, Спитамен, Деваштиҷ ва садҳо қаҳрамонони дигар барои нест кардани аҷнабиён ҷонбозиҳо намуда, сарсупардаи халқу миллати худ гардида буданд ва имрӯз дар дилу дидаҳои мардум бо нақшҳои заррин сабт гардидаанд.   Бегонае, ки ба марзу буми мо омада, худсарона реша давонда, соҳиби мулк шуданӣ аст, мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён намегузорем ва ба решаи ӯ теша зада, шармандавор аз Ворухи азизамон меронем, чунки Ватан ба мо пушту паноҳ ва макони муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҷое, ки муқаддас аст пойи нохалафе набояд расад.  Ҳар нафаре, ки ҳадди худро надониста, бо ғаразҳои бад қадами шумашро ба хоки меҳани мо мегузорад, маданият, урфу одат ва анъанаҳои моро поймол мекунад, несту нобудаш хоҳем кард. Дар асл, мо мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҳизбиёни ноҳияи Кӯшониён барои сулҳу субот ва оромии Ватанамон мубориза мебарем, чунки мо даъвои миллатгароиро надорем. Шиори мо зиндагии шоиста кардан аст.

Ворух як гӯшаи диёри Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад ва касе инро ҳаққи инкор кардан надорад.

Бобомуродов Манучеҳр, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg