ВАХШ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дарси навбатии курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Дарси навбатиро мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Қосимов Фирдавс оғоз карда, дар мавзуи «Интихоби касби муносиб ва рақобатпазир дар бозори меҳнат қадами муҳим барои ҳаёт» андешаронӣ намуд. Дар баробари гузаронидани дарс бо шунавандагон саволу ҷавоб дар барои интихоби касб доир гардида, барои интихоби касби муносиб ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.