БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ «МО БО ШУМОЕМ!» ДОИР ГАРДИД

ВАХШ. Бо мақсади татбиқи босамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҲХДТ, даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуривӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем» баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар байни кӯдакону наврасони аз синни 6 то 18 сола, ки ба гурӯҳи маъюби шомиланд, бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд. 

Озмунро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салимова Сабоҳат оғоз намуда, оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб суханронӣ намуд.

Даври ноҳиявии озмуни мазкур дар Кумитаи иҷроия бо иштироки давталабоне, ки дар даври мактабӣ ғолиб омада буданд, баргузор карда шуд. Аъзои комиссия ба ҳунару маҳорати иштирокчиён баҳои баланд дода, ғолибонро барои иштирок ба даври вилоятӣ интихоб намуданд.

Аз байни 10 нафар иштирокчиён 3 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба 3 нафар барои ишғоли ҷойҳои намунавӣ ифтирохномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш супорида шуд. Инчунин аз тарафи Кумиати иҷроия ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg