АНДЕША. Дарвоқеъ имрӯз қирғизҳои ҳамсоя тарзи хуби муносибати дипломатӣ, одоби ҳамсоядориро наомӯхтаанд ва намедонанд, ки бо ҳамсоя чӣ гуна рафтор намоянд ва чӣ тавр муносибат барқарор кунанд. Аммо мо тоҷикон ҳамеша дар ростои ҳамсоякишварҳо равобити ҳасанаро ҷорӣ менамоем ва ҳамеша бо як санъати хуби гуфтушунид тамоми масоили кӯчак ва бузургро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Чун маълум мегардад, ки имрӯз ин қирғизҳои бодиянишин ва кӯчманчӣ ҳеҷгоҳ таърихи кӯҳан надоранд ва аз ин лиҳоз ҳамеша муносибатҳоро вайрон мекунанд. Ва онҳо намедонанд, ки тоҷикон ҳамеша дар масири таърих, ки дар воқеъ таърихи кӯҳан доранд ҳамеша хирадмандона рафтор меамуданд. Гузашта аз ин қирғизҳои кӯчманчӣ намедонанд, ки бояд ба эҳсосоти тоҷикон бозӣ накунанд ва агар косаи сабрашон лабрез шавад дигар бора қирғизҳо он вақт пӯшаймон хоҳанд шуд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷиаш бо ҳамагуна кишварҳо муносибати баробар ва дар воқеъ ҳасанаро ҷорӣ менамояд ва имрӯз рӯшан аст, ки бародарони ӯзбеки мо ин масъаларо бисёр хуб дарк менамоянд, ки мо ягон ғараз нисбати ҳамсоякишварҳоямон надорем. Мусаллам, аст, ки Хукумати қиғизҳо сахт иштибоҳ мекунанд ва як минтақаро, ки аз мардуми кӯчак иборат аст, ором карда наметавонанд ва ҳатто гапашон намегузарад. Чунки ин гуна ҳукумате, ки мардумаш ба он эътимод надорад он ҳукумат бозичаи дасти гурӯҳҳои ҷудоихоҳ мебошад.
Мо мардуми тоҷик имрӯз ҳамеша таваҷҷуҳ мекунем дар муносибати хубе, ки мо бо қирғизҳо мехоҳем ҷорӣ намоем бо чи натиҷа меанҷомад ва қирғизҳо чи гуна вокуниш нишон медиҳанд бояд фаромӯш накунанд, ки ҳар лаҳзаи ноамнӣ дар минтақа кайфияти моро мепаронад ва мо худро нороҳат ҳис менамоем. Бояд қирғизҳо дар ин росто хато содир нанамоянд ва таърихро омӯзанд то бидонанд, ки тоҷикон барои як порчаи Ватани маҳбубашон ҷони худро фидо мекунанд. Чун имрӯзҳо ҷавонони тоҷик қувваи ҳазорон афсарро доранд ва омодаанд марзу буми худро аз ҳама гуна ноамнӣ наҷот диҳанд.
Баҳодур Хидиров, мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб