ВОКУНИШ. Масъалаи бо роҳи мусолиҳа ҳал гардидани мушкилоти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон рафта-рафта ба доғи рӯз табдил ёфта истодааст. Муноқишаҳои мусаллаҳонаи қирғиз ва задухӯрдҳои сокинони наздимарзӣ вақтҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, мақомоти дахлдори кишвари азизамонро нигарон намудааст. Зеро масъалаи баҳси марзии байни ду ҳамсоякишваре, ки солҳо қабл дӯш ба дӯши ҳамдигар зиндагӣ намуда, боиси эҷоди як фарҳанги муштарак гардиданд ва хазинаи фарҳанги мероси умумиҷаҳониро бо шоҳкориҳои азим ғанӣ гардониданд. Имрӯз чаро ин ду кишвари бо ҳам дӯст даст ба гиребони ҳамдигар зада, бо якдигар мехоҳанд дасту панҷа нарм кунанд. Бо вуҷуди он ки байни давлатҳо якчанд созишномаҳои мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн ба имзо расидаанд. Вале муноқишаҳои пайдарпай, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ мешаванд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷониби кишвари ҳамсоя хостори оромиву субот нест, чунки тавассути ҳар гуна иғвову дассиса дар минтақаи наздисарҳадӣ душманӣ эҷод мекунад ва даст ба қатлу куштор мезанад. Қобили зикр аст, ки чунин иғвогариву дассисабозӣ аз ҷониби қирғизҳо бори аввал нест. Сокинони минтақаи Ворух ва Чоркӯҳи Исфара бо таҳаммулпазирӣ ва риояи олии оини ҳамсоядорӣ аксари вақт худдорӣ ва ақибнишинӣ мекунанд. Вале қирғизҳои худхоҳ аз ин амали бошарафи тоҷикон сӯистифода намуда, даст ба куштори мардуми бегуноҳ мезананд. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Қирғизистон чунин муносибати ноадолатонаро дар марз, на танҳо бо миллати тоҷик раво дида истодааст, балки чунин муносибати худхоҳонаи худро моҳи сентябри соли ҷорӣ бар зидди низомиёни ӯзбек бо баҳонаи аломатгузорӣ нагардидани қисмати сарҳад роҳандозӣ намуд. Аз ин бармеояд, ки қирғизҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки қисмати зиёди заминро соҳиб гардида, заминҳои аломатгузорӣ нашударо ба кишвари худ дохил намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хотима бахшидан ба иғвову дассиса ва муноқишаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтушунид гузаронид ва дар натиҷаи ин гуфтушунид, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки то аломатгузорӣ шудани қисмати номуайяни хатти марз мушкилоти ба вуҷудомада бо роҳи дипломатӣ ҳал карда мешаванд. Вале ҷониби қирғиз ваъдахилофӣ намуда, бо роҳи иғвову дассиса дар байни сокинони наздимарзӣ низоъ бармеангезад ва сарҳадбононаш мардуми осоиштаи тоҷикро бо силоҳи оташфишон ҳадаф қарор медиҳанд.
Вақти он фаро расидааст, ки мақомоти кишвари Қирғизистон сари буҳрони бавуҷудовардаи худ биандешанд ва иғвову дассиса ва маккориро як тараф монда, сари мизи музокира нишинанд ва масъаларо ҷиддан ҳаллу фасл намоянд. Зеро миллати тоҷик ба қадри имкон сабру таҳаммулпазирӣ намуд ва ҳуқуқи ҳамсоякишварро риоя кард. Айни замон рафтори ноҷавонмардонаи қирғизҳо аз ҳадду ҳудуди эътидол гузашта, косаи сабру таҳаммули мардуми тоҷикро лабрез намудааст. Миллате, ки бо Афғонистон (минтақаи хатарзо) ҳамсарҳад аст ва то ҳол тавонистааст, ки сарҳадашро муҳофизат намояд, метавонад дар баробари қирғизи худхоҳ мубориза барад ва марзу буми худро муҳофизат ва соҳибӣ намояд.
Дар интиҳо умед бар он мебандем, ки қирғизи худхоҳ ба худ меояд ва даст аз иғвову дассиса ва моҷароҷӯӣ бардошта, буҳрони бавуҷудовардаи худро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал мекунад. Зеро ҳама ҷонибдори сулҳу субот, амният ва пешрафти кишвари худ мебошанд.
Гулрухсор Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб