ДАНҒАРА. Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аз ҳунару истеъдоди хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №8 – и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дидан намуда, ба ҳунару истеъдоди хонандагони ин муассиса баҳои баланд доданд.
Дар ин намоишгоҳ хонандагон ҳунарӣ гӯлдузӣ, кандакорӣ, қуроқдӯзӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, намоиши сару либос, ихтироъкории худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардида, барои боз ҳам рушд ёфтани анъанаҳои неки ниёгон як қатор тавсияҳои судманд дода шуд.