БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ДАНҒАРА.  Дар идомаи курси навбатии  “Созандагони Ватан” дар мавзӯи “Фарҳанг ҳастии миллат ”  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва иштироки омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Ғуломов Меҳргон  миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан”  баргузор гардид.

Дар ин курси омӯзишӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокималӣ ҳузур дошта, оида ба мавзӯи дар ин курс омодагардида, ба ҳозирин маълумоти аниқу дақиқ дод.

Инчунин, мавсуф аҷзуд, ки фарҳанг муаррифгари беҳтарин дастовардҳои илмию маданӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбуби мо буда, воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ рушду нумуъ ёфтааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифт, дар баробари баррасии вазъи тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар рушди соҳаи фарҳангро аз муҳимтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки таърихи ҳар як халқу миллат маҳз аз рушди соҳаи фарҳангу маданияти кишвараш бозгӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg