БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КӢ БО МЕҲРУ ВАФО БАР ХАЛҚ ХИДМАТ МЕКУНАД…

АНДЕША. Имсол аз таҷлили Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ 76-сол сипарӣ мегардад.  Вале он корнамоӣ ва қаҳрамоние, ки  фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар ин солҳои мудҳиш кардаанд аз хотираҳо ҳеҷгоҳ  зудуда намешавад. Ин ғалаба баҳри озодии башарият аз зулму истисмори фашистон  ба амал омадааст, ки  дар хотираҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра, бахусус родмардони тоҷик дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омаддаст ва  то ҳол ҳамчун Ҷанги Бузурги  Ватанӣ  дар хотираҳо ном бурда мешавад.

76- сол муқаддам дар ин ҷанги хонумонсӯз  зиёда аз 200 ҳазор диловарон, родмардон, ҷавонони баору нанги   тоҷик иштирок кардаанд ва корнамоиҳои бемислу монанд дар қатори дигар халқияту миллатҳо нишон додаанд, ки таърих баёнгари ин гуфтаҳост.

Албатта, таърих гувоҳ аст, ки ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳаёти халқи Шӯравӣ озмоиши сахттарин ба ҳисоб мерафт. Ин ҷанг дар таърихи инсоният бузургтарин муҳорибаи мусаллаҳона ба шумор меравад.

Ин  ғалабаи бузург ба мардуми Шӯравӣ ба осонӣ ба даст наомада,  он бар ивази ҷонбозиҳои сарбозони содиқу шуҷоъ ва диловару далер, бар ивази садҳо шаҳру деҳоти валангоршуда, қурбониҳои бешумор муяссар шуд. Чӣ қадар модарон аз фарзандонашон, ҷӣ қадар занон аз шавҳаронашон, чӣ қадар фарзандон аз волидонашон маҳрум гаштанд. Ин дард аз хотироти  мардуми ин сарзамин ҳаргиз намеравад. Ғалабаи дӯстии халқҳои собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ дар ҷанги дуюми Ҷаҳон барои аҳли башар сабақи ҷиддӣ дода, бори дигар исбот гардид, ки  маҳз ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ  ғалабаро дар ин ҷанг таъмин намуд.

 Чуноне ки бузургон мефармоянд:

                  Пиррӯзӣ аз иттифоқ хезад,

                  Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.

Аз ин рӯ, мо мардуми сулҳпарвар ва сулҳофари тоҷик вазифадорем, зери ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами мииллат кору пайкор намуда, ин сабақи бузурги таърихро фаромӯш насохта аз он ибрат гирем ва шурӯъ аз хонадони худ тарбияи ватандӯстӣ,  худшиносии миллӣ, арҷ гузошатн ба муқаддасоти миллӣ  ва ҳуввияти миллиро ба фарзандон ва сокинони кишвари азизамон тарбия ва талқин намоем. Чунки касе аз гузаштаи худ ибрат нагирад ояндаи  комилу дурахшонро наметавонад созад.  Аз ин лиҳоз новобаста аз самти фаъолият бояд ҳар як фарди бедордилу худогоҳ баҳри он талош варзад, ки  насли наврасу ҷавонро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввиятти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  тарбия намояд, то ки насли ҷавон туъмаи он бадхоҳону назартангон ва нотавонбинони миллат нагарданд ва бо хиради азалӣ гуфта тавонанд, ки мо ҷавонони  тоҷик созанда ва пайравони сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллатем.

Салоҳиддин Мирзобаротзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg