БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: КОҲИШ ДОДАНИ ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ БЕРУНА БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии «ҷамоати шаҳраки Шаҳритус» Туйчиева Садбарг ва раисони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳрак вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат соати сиёсӣ доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат оид ба  вусъати кишти кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ҷиҳати рангу бор намудани ҳар як хона ва ободонии маҳалли зист  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулияти бештар зоҳир намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg