БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

А.ҶОМӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз шароити кории аъзои ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ дидан намуда, бо онҳо дар доираи баргузории “Соати сиёсӣ” суҳбату мулоқотҳо доир намуданд.

Зимни баргузории соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии зикршуда доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, зери назорати ҳизбӣ гирифтани рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон ва аъзои ҳизб, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ миёни занону бонувон ва наврасону ҷавонон, дастгирии кадрҳои ҷавон, бурдани корҳои фаҳмондаҳидӣ миёни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву ободонӣ, саҳмгузорӣ дар истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунон доир ба тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, иштироки фаъолонаи ҳизбиён дар баргузории аксияҳои ҳизбӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg