БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМИ ФАРДОРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД ХӮРД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   ҷиҳати  иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии  ҳизб вобаста ба афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, захираи  кофии  маводи хӯрока, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои Пешвои  миллат,  Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, масъулини  Кумитаи  иҷроия  ҳамарӯза дар деҳот бо  усули  «хона  ба  хона» корҳои  фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  намуда,  аз  ҳар  як  оила  дидан намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ,  истеҳсолу  захираи  кофии  маводи  хӯроквориро  ба сокинон тавсия медиҳанд.

Ин  навбат  масъулин бо  сокинони деҳаи  Муъминободи деҳоти Истиқлол вохӯрӣ баргузор  намуда, ба  хонаҳои сокинон  ташриф  оварда,     истифодаи  самараноки  заминҳои наздиҳавлигиашонро  дидан  карданд. Ҳамчунин вусъати  корҳои  созандагию  ободонӣ   ба  истиқболи сазовори 30-  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ, рангу  бори манзили  зист, татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд» ба дарки ҳамагон расониданд.  

Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза таъкид  намуданд, ки  ҳар  як сокини  кишварро зарур аст, ки корро   тарзе ба  роҳ  монанд, ки  барои бартараф кардани ҳар гуна  мушкилоти  эҳтимолӣ  омода  бошанд ва захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намоянд, то  ин  ки    аз  норасогии  маводи  ғизоӣ  танқисӣ   ва  муҳтоҷӣ накашанд, зеро ғами фардоро аз  ин  рӯз  бояд  хӯрд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg