БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР- ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Н.ХУСРАВ.  Саноатикунонии  босуръат  ҳамчун  ҳадафи  чоруми  кишвар  қабул  шуда, барои  таъмини рушди  устувори иқтисодиёти Ватанамон  замина  гузошта  исдодааст. Зеро  таъмини  рушди  устувори  саноат  рушди  иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои  корӣ, баланд  бардоштани  иқтидори содиротии  мамлакат ва  рақобатнокии он  замина  гузошта  истодааст.

Дар  натиҷаи  тадбирҳои андешидашуда вобаста  ба  амалигардонии   дастуру супоришҳои дар  Паёми  имсолаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо мақсади  тақвияти  истеҳсолот ва  таъмини аҳолии кишвар  бо истеҳсоли гӯшти  паранда  аз  ҳисоби  аъзои фаъоли  ҳизб  соҳибкор  Абдиев  Ислом  сокини  деҳаи  Бешкаппа  бо фароҳам  овардани  шароити  мусоид барои  пешбурди  соҳибкорӣ аз  ҷониби  роҳбарияти  ноҳия  дар  ҳудуди  ҷамоати  деҳоти Наврӯз   корхонаи   парвариши  парандаи гӯштӣ  бунёд  гардид, ки зиёда  аз  20  нафар  сокинон ба  ҷои  корӣ доимӣ  таъмин гардиданд. Дар корхонаи мазкур    бори  аввал  зиёда аз  3, 5  ҳазор  мурғи  гӯштиро  парвариш карда,   ба  бозори  истеъмолӣ баровард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg