ХОВАЛИНГ. Терроризм ва ифротгароии хушунатомез чун вабои аср ҳамагонро ба ташвишу изтироб оварда, имрӯз мавзӯъи музокироти сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ташкил гардидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки мақсадашон ноором сохтани авзои сиёсии давлатҳо бо сӯистифода аз эътиқоди динӣ гумроҳсозии ҷавонон аст, ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи дунё ба амалҳои хуношом даст мезананд, ҷойи ободеро ба харобазор табдил медиҳанд. Ҳамаи ин нооромӣ ва хунрезиҳо моро ҳушдор медиҳад, то баҳри ҳифзи амну осоиштагии Тоҷикистони азиз чораҳои зарурӣ андешем.
Барои ба мардум расонидани муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо коррупсия ва ифротгароии хушунатомез» ва дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомад доир карда шуд.
Дар он оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ба омма нишон додани симои аслии террорист, ки онро Пешвои миллат - « террорист террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро» буда наметавонад, шарҳ додааст ва муборизаи самарабахш алайҳи ин вабои аср сухан рафт.
Баромадкунандагон аъзои ҲХДТ Аҳрорзода Гулбарг, Шариф Ҳусайнов,мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамшед Каримов омодагии хешро дар кори ба сокинони ноҳия фаҳмонидани хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм изҳор доштанд.