Н.ХУСРАВ. Вобаста ба сазовор таҷлил намудани 76 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ҷамоати деҳоти Истиқлол байни хонандагони синфҳои 11-и муассиса озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат» баргузор гардид.
Хонандагон фикру ақидаҳои худро вобаста ба мавзуъ ба қалам дода, аз диди худ нисбати қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистон,корнамоиҳои онҳо дар озод намудани Ватан иншо навиштанд.
Баъди санҷидани иншои хонандагон аз ҷониби омӯзгорон масъулини Кумитаи иҷроия ба хонандагоне, ки доир ба мавзӯъ фикрҳои ҷолиб навиштаро дар ҳайати 3 нафар муқаррар намуда, ҷои якум ба Каримова Дилноза, ҷои дуюм ба Матлубаи Исмоил ва ҷои сеюм Мӯсоева Сарвиноз ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.