АНДЕША. Истиқлолият рамзи давлатдорӣ буда, дар мамлакат тинҷиву амонӣ, осудагӣ ва амну суботи миллиро пойдор намуда ва ҳамзамон истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, ягонагӣ ва дунявиро нишон медиҳад. Давлате, ки истиқлолият ба даст наовардааст, ҳамчун давлат эътироф карда намешавад. Мо шукрона аз он мекунем, ки Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистони биҳиштосо аллакай 30 – сол мешавад, ки истиқлолияти худро ба даст овардааст баҳри миллати хеш зиндагии шоистаро пойдор намудааст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки баробари ба даст овардани он нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар замони соҳибистиқлол бо шарофати марди хирадандеш, поксиришт, накӯкор ва ватандӯст Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободиву созандагӣ ҳеҷ ҳадду канор надорад, яке аз иншоотҳои бузурги мамлакат ин Нерӯгоҳи Барқии Обии – Роғун мебошад, ки дар қатори 10 иншооти бузурги НБО-и ҷаҳонӣ шомил аст, аллакай 2 агрегати онро мавриди истифода карор дода, аҳолии Ватанро бо қувваи барқ ба пуррагӣ таъмин намуда, бо кушодашавии агрегати сеюм омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Инчунин, бо барномаҳои хуб, ки эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2018-2021» ва расидан ба ҳадафи чорум «Саноатикунонии мамлакат» дар кишвар боз ҳам суръати созандагиву бунёдкории заводу корхонаҳо биноҳои баландошёна, шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, тозаву озода ва гулзор намудани шаҳру деҳаҳо вусъат ёфта истодааст. Мо ҷавонон бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расем ва шукрона намоем, ки дар фазои сулҳу суботи осоишта умр ба сар мебарем. Ва ба созандагиву бунёдкорӣ баҳри ободии Ватани худ саҳмгузор бошем.
Қурбонов Абдулҳафиз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар н. Дӯстӣ