БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ФАРДО БОЯД ҲАМЕША ИН ҚАҲРАМОНИҲОИ БЕНАЗИРРО ҚАДРДОНӢ КУНАНД

ФАРХОР. Бо мақсади истиқболи сазовор аз 76 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор муҳтарам Назарзода А.И. баргузор гардид.

Номбурда зимни суҳбат атрофи корнамоиҳои халқи тоҷик дар солҳои 1941 – 1945 ибрози андеша намуда, цайд кард, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зидди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.

Мувофиқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфуз буда, дар набардҳои ҷанг зиёда аз 260 ҳазор нафар Тоҷикистониён дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намудаанд. Ҳафтоду чаҳор сол дар назди таърих чандон муддати тӯлонӣ нест. Вале, муддатҳои тӯлонӣ ҳам ҳарчанд сипарӣ гарданд, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg