ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маориф”, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Баҳманруд қарор дорад, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар суҳбат аз натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Обшорони ҷамоати Заргар ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва эълони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдоварӣ карданд.
Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.
Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар фарҷоми баромади худ бори дигар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Мо бо Шумоем” – ро эълон намуда, мазмуну муҳтавои озмунҳоро шарҳ дод.